Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Тиллерсон ба Саудӣ, Қатар ва Ҳинду Покистон


Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 21-уми октябр барои иштирок дар як нишасти мақомоти Арабистони Саудӣ ва Ироқ ба Риёз рафт. Оқои Тиллерсон дар ҷараёни ин сафари шашрӯзааш аз Қатару Покистон ва Ҳинд низ дидан хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Амрико рӯзи шанбе ба пойгоҳи низомии шоҳ Салмон расид ва сипас дар як зиёфати кории шом бо ҳамтои саудии худ Одил Ал-Ҷубайр мулоқот кард.

Қарор аст, Рекс Тиллерсон рӯзи якшанбе дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангии Саудӣ – Ироқ, ки барои беҳбуди равобити Риёзу Бағдод ташкил шудааст, иштирок кунад. Вашингтон аз таъсиси ин шӯро чун як василае барои муқобила дар баробари нуфузи Эрон дар минтақа пуштибонӣ кардааст.

Арабистони Саудӣ яке аз ҳампаймонҳои умдаи Амрико ба шумор меравад, ки бо Эрон дар ҳоли рақобат аст. Аз тарафи дигар, Теҳрон бо раҳбарони ҳукумати Ироқ равобити наздик дорад.

Вазири умури хориҷии Амрико баъд аз Саудӣ ба Қатар хоҳад рафт. Ӯ дар мулоқот бо мақомоти он кишвар дар бораи рафъи таниш миёни Доҳа ва кишварҳои арабӣ тамаркуз хоҳад намуд. Интизор меравад, Тиллерсон баъдан ба Ҳинду Покистон ҳам биравад.

XS
SM
MD
LG