Баҳриддин Ҳакимов, шаҳрванди Русия ва афсари собиқи КГБ, соли 1979 аз Маскав ба Афғонистон рафта, баъд аз чанд моҳи асорат аввал ба сафи муҷоҳидин ва, сипас, ҷунбиши Толибон пайваст. Ӯ яке аз даҳҳо афсари Шӯравист, ки пас аз хуруҷи артиши Иттиҳод дар соли 1989 аз Афғонистон берун нарафт.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Ҳоло Баҳриддин Ҳакимов ба “карйера”-и чандинсолаи низомиаш дар ҳайати артиши Шӯравӣ ва муҷоҳидину Толибон хотима гузошт ва ба ҳаёти маъмулӣ баргашт. Вай феълан роҳбалади “Осорхонаи ҷиҳод” дар шаҳри ғарбии Ҳироти Афғонистон аст.
Ҳакимов мегӯяд, баъд аз онки ҳамроҳи яке аз рафиқонаш ба асорат афтод, касе ба суроғашон наомад. Ӯ гуфт, баъдан дини Исломро қабул карда, ба сафи муҷоҳидин пайваст. “Аз он хеле хашмгин будам, ки артиши Шӯравӣ моро партофт. Аз ин рӯ, ба муқобилаш муборизаро шурӯъ кардам. Барои чӣ касе моро суроғ накард? Барои чӣ моро фаромӯш карданд?” - суол гузошт ӯ.
Баҳриддин Ҳакимов ҳанӯз нагуфтааст, ки дар ҷараёни муборизааш чӣ қадар аз сарбозони Шӯравиро куштааст. Аммо ӯ гуфт, баъдан ба ҳайати Толибон пайваста, ба ҷанг идома дод. Ӯ гуфт, “онҳо нисбат ба ман муносибати хуб доштанд. Ман ронандаи тонки Мулло Бародар будам. Ба ҳар ҷое, ки мегуфт, бо тонк мебурдам”, - нақл кард Баҳриддин Ҳакимов.
Исмоилхон, яке аз фармондеҳони собиқи муҷоҳидин ва раҳбари пешини вилояти Ҳирот, Баҳриддин Ҳакимовро солҳо боз бо номи Абдулло мешиносад. “Абдулло инсони хуб аст. Ӯ нахост, ки ба Русия баргардад. Дар инҷо ду бор оиладор шуд. Мо ба хулосае омадем, ки дар осорхона кор кунад. Ҷое, ки метавонад ба одамон ҳақиқати ҷангро бигӯяд”, - гуфт Исмоилхон.
Баҳриддин Ҳакимов мегӯяд, ки дар шаҳри Ҳирот худро чун дар хонааш эҳсос мекунад. Ҳамсараш Ҷамила ӯро афғони воқеӣ тавсиф кард. Ӯ гуфт, “Баҳриддин Ҳакимов ба падару бародарам бисёр писанд аст. Хонаводаам хурсанданд, ки бо ӯ зиндагӣ мекунам”, - афзуд Ҷамила ва гуфт, “мо фикр намекунем, ки ӯ аз Русия ё аз Иттиҳоди Шӯравист. Мо ӯро сокини муқимии Ҳирот медонем.”
Наздикони Баҳриддин Ҳакимов дар Русия ҳастанд. Аммо ӯ хоҳару бародарашро 35 сол боз надидааст. Ӯ гуфт, ки бори охир чанд соли қабл телефонӣ бо онҳо тамос дошт, вале боре ҳам рӯбарӯ надид.
38 сол сол қабл ҳазорҳо сарбози Шӯравӣ, ки бо таҷҳизоти пешрафтаи низомӣ муҷаҳҳаз буданд, вориди Афғонистон шуданд. Бо ворид шудани сарбозони артиши Шӯравӣ ба Афғонистон, Ҳафизуллоҳ Амин, раиси ҷумҳури вақти Афғонистон кушта шуд ва Бабрак Кормал ба қудрат расид. Артиши Шӯравӣ баъд аз даҳ соли ҷанг дар Афғонистон, соли 1989 аз ин кишвар берун рафт. Бо вуҷуди хуруҷи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон ҳанӯз ин кишвар бо мушкилот ва ҷанҷолҳои гуногун рӯбарӯст.