Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадалӣ Қорабоев баъд аз 11 соли зиндон озод шуд


Муҳаммадалӣ Қорабоев
Муҳаммадалӣ Қорабоев

Муҳаммадалӣ Қорабоев, узви пешини ҳизби мухолифи "Бирлик", ки фаъолияташ дар Узбакистон манъ шудааст, баъд аз 11 соли зиндон озод шуд.

Қорабоев соли 2006 бо айби тамаъҷӯӣ боздошт ва ибтидо 5,5 сол зиндонӣ, аммо баъдан ҳукми вай ду дафъа дароз шуд. Муҳаммадалӣ Қорабоев 18-уми октябр аз зиндони шаҳри Навоӣ озод шуд.

Қорабоевро дар асоси кафолатномаи созмони ҳомии ҳуқуқи инсони “Эзгулик” озод кардаанд. Василия Иноятова, раиси созмони мазкур мегӯяд, нисбат ба ӯ моддаи “Кафолати созмони ҷамъиятӣ ё коллективӣ” амалӣ шудааст.

“Парвандаи ман сохта буд. Дар зиндон маро дар иҷро накардани талаботи маъмурият айбдор дониста, ҳукмамро тамдид карданд. Дар асл, ин модда нисбат ба фаъолони сиёсӣ ва динӣ қабул мешавад. Дар ибтидо маро 5,5 сол зиндонӣ карданд, вале ман 11 солу 2 моҳро дар зиндон пушти сар кардам”, - гуфт Қорабоев.

XS
SM
MD
LG