Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Хоманеӣ: "Созиши ҳастаиро реза-реза мекунам!"


18 октябр дар Теҳрон Хоманеӣ бо донишҷӯёни кишвар мулоқот дошт
18 октябр дар Теҳрон Хоманеӣ бо донишҷӯёни кишвар мулоқот дошт

Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ таҳдид кард, ки дар сурати аз созиши ҳастаии Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ берун шудани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ин созишро “реза-реза мекунад”. Хоманеӣ дар як изҳороти рӯзи 18 октябри худ гуфт, ки Теҳрон то замоне ба шартҳои созиши соли 2015 пойбанд мемонад, ки дигар ҷонибҳои имзокарда ҳам ба ин санад эҳтиром қоил бошанд.

Изҳороти раҳбари олии Эрон чанд рӯз баъди суханронии президент Доналд Трамп садо дод, ки гуфтааст, ИМА шаҳодати онро надорад, ки Эрон шартҳои созишро иҷро мекунад ва таҳдид кард, ки кишвараш ба таври якҷониба аз ин созиш берун мешавад. Трамп Теҳронро дар нақзи рӯҳияи созиши ҳастаӣ гунаҳгор кард ва гуфт, ки озмоишҳои мушакҳои баллистикӣ шаҳодати ин гуфтаҳост ва аз Конгресс дархост хоҳад кард, ки фишорро болои Теҳрон афзоиш диҳад. Ин дар ҳолест, ки аз созиш бо Эрон ҷонибҳои дигар, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо пуштибонӣ карданд.

XS
SM
MD
LG