Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон 35 нафар аз ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд


Марде дар ҳамлаи Гардез маҷрӯҳ шуд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки дар паи ду ҳамлаи маргталабонаи ҷудогона ва ҳам тирандозии мусаллаҳона ба сӯи нирӯҳои ҳукуматӣ рӯзи 17 октябр 35 нафар кушта шуданд. Масъулияти ҳамла ба як қароргоҳи полис дар шаҳри ҷанубушарқии Гардез, маркази маъмурии Пактиё дар марз бо Покистонро, ки 20 куштаву беш аз 100 захмӣ бар ҷой гузошт, Толибон ба ӯҳда гирифтанд. Дар паи ҳамла дар вилояти ҳамсояи Гардез имрӯз инчунин 15 афсари амниятӣ кушта шуда 12 нафар маҷрӯҳ гардиданд.

Дар ин ҳодиса ҳам Толибонро гунаҳгор карданд. Вазорати умури дохила гуфт, ки ду ҳамлагари маргталаб мошинҳои ҳомили маводи мунфаҷираро дар берун аз қароргоҳи полис тарконда ба маркази тамринии полис асобат кард. Дар пай мусаллаҳон даст ба кор шуданд. Дар паи рӯёрӯии яксоата, ба қавли вазорати умури дохилаи Афғонистон, панҷ фарди мусаллаҳ кушта шуд.

Дар миёни қурбониҳои ҳамлаҳои имрӯза раиси полиси вилоят ҳам будааст. Дар вилояти Ғазнӣ ҳам Толибон мошини маводи таркандаро дар наздики як қароргоҳи амниятӣ дар ноҳияи Андар тарконда баъдан ба сохтмон ҳамла карданд. Як мақоми маҳаллӣ гуфт, ки ҳадафи ҳамлагарон дафтари раиси ноҳия ва қароргоҳи полис будааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG