Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи аврупоӣ ҳукми бародарон Навалнийҳоро ноодилона номид


Олег ва Алексей Навалнийҳо дар додгоҳи соли 2014
Олег ва Алексей Навалнийҳо дар додгоҳи соли 2014

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар гуфт, ки сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Алексей Навалний ва бародараш Олег дар қазияи марбут ба ширкати Yves Rocher соли 2014 ба таври ғайриқонунӣ ба ҷиноятҳои молӣ айбдор шуданд. Дар ҳукме, ки рӯзи 17 октябр содир шуд, Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар гуфт, ки “додгоҳ дар Русия қарори бедалел ва беасос”-ро содир кард ва дар паи он Олег Навалний ба зиндон ва бародараш Алексей ба ҳукми шартӣ маҳкум шуд.

Додгоҳи воқеъ дар Страсбург ҳукм кард, ки Русия барои ҷуброни маънавии бародарон ба онҳо наздики 76 ҳазор евро ва 460 ҳазор рубл пардохт кунад.

Олга Михайлова, вакили дифои Навалний дар вокуниш ба қарори додгоҳи Аврупо дар сӯҳбат бо телевизиони “Настояшее время” гуфт:

“Дар умум мо аз қарори додгоҳ розӣ ҳастем, чунки Додгоҳи аврупоӣ мавридҳои вайрон шудани қонунро, ки мо ҳам ба онҳо пофишорӣ мекардем, эътироф кард. Бахши 6-уми эъломияи Ҳақи мурофиаи одилона нақз шудааст. Додгоҳи Аврупоӣ қарор кард, ки ба ҳангоми баррасии қазияи Yves Rocher ин ҳуқуқ поймол шуд”.

Додгоҳи аврупоӣ гуфт, ки дар солҳои 2008 то 2012 Алексей ва Олег Навалнийҳо ним миллион доллар маблағро дуздида ва ҳам даст ба шустушӯи пули як ширкати русӣ задаанд, ки бо ширкати маъруфи фаронсавии Yves Rocher иртибот доштааст. Бародарон ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуданд, вале ҳукми Алексей Навалний шартӣ унвон шуд. Олег Навалний ҳоло дар зиндон ба сар мебарад.

Бародарон ҳукми додгоҳро ноодилона ва дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, мақомот ҳамаҷониба талош доранд, ки Алексейро аз фаъолиятҳои сиёсӣ боздоранд. Алексей гуфтааст, ки бо маҳкум кардани бародараш ба зиндон ӯро амалан “гаравгон гирифтанд”. Вазорати адлияи Русия гуфтааст, ки бо ҳукми Додгоҳи аврупоӣ комилан розӣ нест.

XS
SM
MD
LG