Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Узбакистон нерӯи барқ мефурӯшад


Қирғизистону Узбакистон шартномаи хариду фурӯши нерӯи барқро барио марҳилаи моҳҳои декабр-март имзо карданд. Дар ин бора раиси "Ширкати миллии холдингии энержӣ"-и Қирғизистон Ойбек Калиев хабар дод.

Ба гуфтаи вай, Қирғизистон тасмим дорад, ба Узбакистон дар ҳаҷми 550 млн. кВт соат барқ интиқол диҳад. Арзиши барқи интиқолӣ 2,4 сент барои 1 кВт. соатро ташкил медиҳад.

Ба ин тартиб, маблағи умумии интиқоли барқ ба 13,2 миллион доллар хоҳад расид.

Пештар хабар расида буд, ки Қирғизистон интиқоли нерӯи барқро ба Узбакистон бо арзиши 2 сент барои 1 кВт соат шуруъ кардааст.

Ин созиши дуюми миёни Қирғизистону Узбакистон дар мавриди интиқоли нерӯи барқ дар соли ҷорӣ аст.

XS
SM
MD
LG