Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон тайи як сафари корӣ ба Узбакистон бо Шавкат Мирзиёев, раҳбари ин кишвар мулоқот кардааст.
Рӯзи 16-уми октябр Дафтари матбуотии президенти Узбакистон хабар дод, ки дар ин дидор Қодиров ва Мирзиёев рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баҳс кардаанд.
Ба иттилои Дафтари матбуотӣ, дар ин дидор ҷонибҳо ба масоили тиҷорати дуҷониба, татбиқи барномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ бештар таваҷҷӯҳ карданд.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо манотиқи гуногуни Русия бо Узбакистон дар ҷараёни сафари Мирзиёев дар моҳи апрел миёни мақомоти баландпояи ду кишвар матраҳ шуда буд.
Раҳбари Чеченистон аз Шавкат Мирзиеёв барои даъваташ ба Узбакистон, кишваре, ки он ҷо падараш таҳсил кардааст, изҳори ташаккур кард.
Рамазон Қодиров дар ин сафараш аз оромгоҳи Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф, рӯҳонии маъруф, ки падари ӯ - Аҳмад Қодировро таълим додааст, зиёрат кард. Аҳмад Қодиров замони Шӯравӣ дар Узбакистон таҳсили расмии динӣ гирифтааст. Ҳангоми зиёрат аз оромгоҳи ин шахс ӯро Ойбек Туруснов, домоди Мирзиёев ҳамроҳӣ мекард.