Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев Ҷеенбековро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард


Бишкек, апрели соли 2017. Назарбоев бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё ба пойтахти Қирғизистон ташриф овард ва бо Ҷеенбеков мулоқот кард

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев шоми 16 октябр президенти мунтахаби Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро бо пирӯзӣ табрик кард. Матни табрикоти ӯ дар вебсайти президенти Қазоқистон нашр шудааст.

Дар номаи худ Назарбоев изҳори умедворӣ кардааст, ки дар аҳди раҳбарии Ҷеенбеков Қирғизистон ба рушди босуръати нав даст меёбад.

"Бовар дорам, ки равобити Қазоқистону Қирғизистон, ки бар пояи манфиатҳои дуҷониба бунёд шудааст, ба хотири ояндаи хуби кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳад кард", гуфтааст Назарбоев.

Табрики Назарбоев дар шароите садо медиҳад, ки як моҳ пеш аз интихоботи президентии Қирғизистон президенти амалкунанда Алмосбек Отамбоев Қазоқистонро дар мудохила ба умури интихоботи Қирғизистон муттаҳам кард. Дар пай бо тасмими Қазоқистон дар гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Қирғизистон барои убуру мурури шаҳрвандон ва мошинҳои боркаш маҳдудият ҷорӣ шуд. Қазоқистон ин тасмимро чун тадбирҳои санитариву гигиении молҳои ба кишвар воридшаванда шарҳ додааст, вале нозирон бовар доранд, ки Остона бо ин тасмимаш Бишкекро муҷозот мекунад.

Рӯзи 16 октябр Қазоқистон ба вуруди маҳсулоти ширии панҷ ширкати коршарики худ аз Қирғизистон маҳдудият ҷорӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG