Пайвандҳои дастрасӣ

Путин Ҷеенбековро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард


Президенти Русия Владимир Путин ба Сооронбой Ҷеенбеков барқияи табрикотӣ ирсол карда ӯро бо интихоб шуданаш ба мақоми президентӣ табрик кардааст. Табрики Путин дар сайти президенти Русия нашр шуд. Путин гуфтааст, ки натиҷаҳои интихобот дар Қирғизистон баёнгари эътибори баланди Ҷеенбеков дар миёни ҳамватанонаш аст.

Дар паи интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзи 15 октябр баргузор шуд, Ҷеенбеков бо 54 дар сади овозҳо баранда эълон шуд. Номзади мухолифон Омурбек Бабанов 34 дар сади овозҳоро ба худ ихтисос додааст.

Номзади интихоботӣ аз ҳизби “Қирғизистони воҳид” Адахон Мадумаров, ки 6,4 % ва ҷои сеюмро гирифт, натиҷаҳои интихоботро зери суол бурда гуфт, ки пирӯзии Ҷеенбековро эътироф намекунад. Вай гуфт, ки “мубориза бо системаро” идома медиҳад. Темир Сариев бо 3 дар сади овозҳо ва ҷои чорум гуфтааст, низоми интихоботӣ дар Қирғизистон бояд таҳрир шавад. Дар маҷмӯъ дар интихобот 11 нафар иштирок карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG