Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии сокинони Туркманистон аз 10 баробар боло рафтани пули боғча


Дар Туркманистон лағви имтиёзҳои иҷтимоӣ ва боло рафтани арзиши баъзе аз хидматрасониҳо норозигии сокинонро ба бор овардааст. Аз ҷумла, 10 баробар боло рафтани пули боғча дар вилояти Дашоғузи ин кишвар ба таҷаммуи бархеи сокинон сабаб гаштааст.

Бино ба хабарҳо, аз 1 ноябр дар Туркманистон пули моҳонаи боғча барои як кӯдак аз 8 то ба 80 манат -- 10 баробар боло хоҳад рафт. Намояндагони Вазорати маорифи ин кишвар мегӯянд, дар баъзеи минтақаҳо то 96 манат боло бурда хоҳад шуд.

Як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Болдумсози Дашоғуз гуфт, болоравии нархи хидматрасонии боғчаҳо ба эътирози дастаҷамъии сокинон сабаб гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, баъди он ки маълум шуд, пули боғча 10 баробар қиммат мешавад, волидони норозӣ дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ шудаанд. Онҳо то ба ҳадде хашмгин будаанд, ки таҷаммуашон ба занозанӣ печидааст.

"Дар ноҳия ҳудуди 8 боғча фаъолият дошт. Мақомот ба далели норозигии шадиди сокинон тасмим гирифтанд, феълан онҳоро банданд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки минбаъд об, барқу гази боғчаҳо пулакӣ аст ва бинобар ин, арзиши хидматрасониро боло бурдаанд. Намояндагони ҳукумати ноҳия ҳамчун чораи аввалия пешниҳод карданд, дар ҳоли ҳозир бо нархномаи нав волидайне пардохт кунанд, ки тавони онро доранд. Амр шуд, ки ин гуна волидайнро рӯйхат кунанд ва барои онҳо фаъолияти баъзе аз боғчаҳо дубора ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа волидайне, ки тавони пардохти нархномаи навро надоранд, занозаниро оғоз карданд. Онҳо исрор мекарданд, ки давлат вазифадор аст, фарзандони худро ройгон омӯзиш диҳад", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Масъулони шаҳрдории Дашоғуз ва Раёсати маорифи вилоят низ тасдиқ карданд, ки 10 октябр як гуруҳи волидайн дар эътироз ба болоравии арзиши хидматрасонии боғчаҳо дар маркази шаҳр ҷамъ шуданд.

XS
SM
MD
LG