Пайвандҳои дастрасӣ

Куҳансолтарин фирории Андиҷон ба ватанаш баргашт


Наҷмиддин Умарови 76-сола, ки баъди ҳодисаҳои хунуни соли 2005 дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон, ба хориҷ фирор карда буд, ибтидои ҳафтаи гузашта ба ватанаш баргаштааст.

Вай ба маҳзи ворид шудан ба кишвар, аз сӯи мақомот боздошт ва чаҳор рӯз дар идораи пулиси вилояти Андиҷон нигаҳ дошта шуд. Вале пайвандонаш мегӯянд, Умаровро дар фурудгоҳ боздошт ва баъди се соати бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Умаров аз маҳаллаи Боғишамоли Андиҷон дар паи саркӯбҳои хунини соли 2005 кишварро тарк кард. Соли 2010 вай ба Радиои Озодлик гуфта буд, ки дар паи саркӯби эътирозҳои Андиҷон моҳи маи соли 2005 як писараш кушта ва дигараш ба зиндон маҳкум шуд. Ӯ маҷбур шуд, ки кишварро тарк кунад ва дар ИМА ба сар бурд.

Баъди бозгашти як фирории дигари андиҷонӣ аз Ғарб ӯ низ боздошт, вале ба мӯҳлати 10 сол зиндонӣ шуд. Дилором Абдуқодирова, ки дар Австралия зиндагӣ мекард, баъди бозгашташ ба ватан дар соли 2010 дар кӯшиши барҳам задани сохти конститутсионӣ айбдор карданд.

Бо дигар шудани президент дар Ӯзбакистон бисёриҳо умед доранд, ки дар ин кишвар озодиҳои сиёсӣ таъмин мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG