Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов гуфт, тақаллуб буд, вале эътироз намекунад


Номзади калидии мухолифон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон гуфт, ки дар ҷараёни овоздиҳӣ тақаллуб роҳ ёфт, вале бо ин вуҷуд гуфт, ки даст ба эътироз намезанад. Омурбек Бабанов дар як нишасти хабарӣ ҳарчанд нагуфт, ки натиҷаҳои интихоботро эътироф мекунад, вале хитоб ба тарафдоронаш гуфт, ки ба дасисаву иғво дода нашаванд ва даст ба эътироз назананд. Дар интихоботи Қирғизистон номзади ҳизби ҳоким Сооронбой Ҷеенбеков бо 54 дар сади овозҳо пирӯз шуд. Омурбек Бабанов, ки 34 дар сади раъйҳоро ба даст овардааст, рӯзи 16 октябр гуфт:

“Ба ҷонибдории номзадии ман аз рӯи иттилои комиссиюни марказии интихоботҳо, тахминан 600 ҳазор нафар овоз доданд. Ин нафарон ҷонибдори тағйирот ҳастанд, онҳо аз василаҳои маъмурӣ натарсиданд ва онҳое мебошанд, ки мавқеи худро изҳор карданд. Мо бешубҳа пирӯз шудем ва пирӯзии мо дар он аст, ки зеҳнияти мардумро тағйир дода тавонистем”.

Дар арзёбиҳои нозирони байналмилалии САҲА таъкид шуд, ки интихобот дар фазои пуррақобат, шаффоф баргузр шуд, вале мавридҳои “сӯиистифода аз захираҳои давлатӣ, фишор болои раъйдиҳандагон ва харидани овозҳо” мушоҳида шудааст. Тасдиқи натиҷаҳои интихобот баёнгари он аст, ки дар таърихи баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор аст, ки дар я ҷумҳурии Осиёи Марказӣ интиқоли сулҳомези қудрат сурат мегирад. Дар ҷумҳуриҳои дигар танҳо баъди марги раҳбарон раиси ҷумҳурӣ нав шуда буд.

XS
SM
MD
LG