Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси фарде, ки бо ваъдаи "афви махфӣ" даст ба "қаллобӣ" зад


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Давлатмурод Азизов, сокини ноҳияи Вахшро, ки худро корманди “додситонӣ” ва “амният” муаррифӣ карда, ба пайвандони зиндониён ваъдаи “афви махфӣ” додааст, ҳафт сол зиндонӣ кард.

Ӯ ба ҷабрдидагон гуфтааст, “соли 2017 соли ҷавонон эълон шудааст ва дар робита ба ин сол «авфи махфӣ» ҷараён дорад”. Бар ин асос ӯ ба Туйчӣ Тошев ном мард ваъда кардааст, ки Худобахш Тошев, фарзанди ӯро, ки бар асоси моддаи 307, нишони 1, яъне “Даъвати оммавӣ барои фаъолияти экстремистӣ” зиндонӣ шудааст, озод мекунад. Бо ин баҳона ӯ шаш ҳазор сомонӣ гирифта, баъдан ғайб мезанад.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар як хабари расмӣ гуфтааст, “номбурда, такроран, 20 январи соли равон, худашро корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо ҳамин роҳ аз Мамлакат Исматова низ панҷ ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ба ҳамаи ин қонеъ нашуда, судшаванда бо шаҳодатномаи сохта, боз се нафарро ба доми фиребаш даровардааст. Ӯ аз шаҳрвандон Ҷамила Якубова 700 доллари амрикоӣ, Нарзигул Мирзоева 6 ҳазор сомонӣ ва аз Малика Обирова ду адад телефони мобилӣ, ки 1000 сомонӣ арзиш доранд ва 4 ҳазор сомонӣ, боз бо баҳонаи аз зиндон озод кардани фарзандонашон, гирифтааст”.

Додгоҳ парвандаи ӯро бар асоси моддаи 247 қисми 3, бандҳои «а, в»-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “Қаллобии такрорӣ ва бо расонидани зарари ҷиддӣ” баррасӣ кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG