Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон аз бомбгузории бузург ҷилавгирӣ шуд. ВИДЕО


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки як мошини пур аз маводи таркандаро дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, кашфу безарар карданд. Масъулони Вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи 15-уми октябр гуфтанд, ин мошин замоне кашф шуд, ки дар постгоҳи пулис ронандаи онро барои итоат накардан захмӣ намуданд.

Ба гуфтаи мақомот, ронанда мехост, аз постгоҳи назоратӣ бидуни тафтиш убур кунад, вале кормандони пулис бо захмӣ кардани ӯ аз ин кор ҷилавгирӣ намуданд.

Полиси афғон мегӯяд, аз бомбгузории бузург ҷилавгирӣ кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Муҳаммад Солеҳ Алмос, масъули Бахши амнияти шаҳри Кобул, ки ин мошинро ба хабарнигорон нишон медод, гуфт, дар дохили он 2 тоннаву 700 маводи тарканда ҷой шуда буд.

Мақомоти Афғонистон ин мошинро ба шабакаи Ҳаққонии Покистон нисбат дода гуфтанд, онҳо қасди ҳамлаи маргталабона дар Кобулро доштанд.

Ҳоло ронандаи захмии ин мошин дар боздошт қарор дорад ва мақомоти афғон умедворанд, “ҳақиқатҳои дигарро аз забони ӯ ошкор хоҳанд кард”.

Ба гуфтаи мақомот, ин мошини пур аз маводи тарканда аз самти вилояти Лугар вориди Кобул шудааст. Мақомоти афғон мегӯянд, агар ин мошин кашф намешуд, бар асари инфиҷори эҳтимолии он даҳҳо нафар кушта мешуд.

Рӯзи 31-уми май дар пайи чунин як инфиҷор дар маҳалли иқомати дипломатҳо дар Кобул 150 нафар ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG