Даҳҳо нафар аз иштиркодорони намоиши эътирозӣ ба хотири ҳимоят аз тоторҳо дар Қрим боздошт шудаанд. Ин минтақа, ки дар гузашта ҷузъе аз қаламрави Украина буд, соли 2014 аз тарафи Русия ишғол гардид.
Бино ба гузоришҳо, рӯзи 14-уми октябр дар Қрим беш аз сад нафар даст ба эътироз заданд. Гуфта мешавад, ки беш аз сӣ нафари онҳо дастгир шуданд.
Рӯзи 11-уми октябр шаш тан аз тоторҳои Қрим ба иттиҳоми узвият дар созмони “Ҳизбуттаҳрир” боздошт шуданд.
Аъзои ин созмони исломӣ метавонанд, ки дар Украина фаъолият кунанд, аммо Русия фаъолияти онҳоро мамнӯъ кардааст.