Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кумисюн: Намехоҳам баъди 15 сол Аврупо 90-пора шавад


Жан-Клод Юнкер, раиси Кумисюни Аврупо
Жан-Клод Юнкер, раиси Кумисюни Аврупо

Жан-Клод Юнкер, раҳбари Кумисюни Аврупо гуфт, ки истиқлоли Каталония аз Испания метавонад, минтақаҳои дигари кишварҳои аврупоиро ба ҷудоӣ таҳрик диҳад.

Ӯ рӯзи 13-уми октябр, ҳангоми суханронӣ дар Донишгоҳи Люксембург, гуфт, ки намехоҳад, баъди понздаҳ сол ҳайати Иттиҳодияи Аврупо аз 90 кишвар иборат шавад. Ба қавли ӯ, дар он шакл идораи Иттиҳодияи Аврупо хеле мушкил хоҳад шуд.

Референдум ё раъйпурсӣ барои ҷудоии Каталония аз Испания рӯзи 1-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Мақомоти Каталония гуфтанд, ки ба тарадфорӣ аз ин тасмим беш аз навад дарсади иштироккунандаҳо овоз доданд.

Аммо ҳукумати марказии Испания ин референдумро ғайриқонунӣ хонд. Дар рӯзи раъйдиҳӣ нирӯҳои пулис талош карданд, ки бархе раъйдиҳандагонро аз марказҳои овоздиҳӣ берун карда, варақаҳоро мусодира намоянд.

Чунин бархӯрд бо вокуниши тунди мақомоти Каталония ва тарафдорони ҷудоии ин минтақа аз Испанияро ба бор овард ва боис ба гирдиҳамоиҳо шуд.

XS
SM
MD
LG