Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни ҳамсари Ислом Каримов Украинаро тарк кардааст


Акбаралӣ Абдуллоев дар толори додгоҳи Киев

Акбаралӣ Абдуллоев, ҷияни ҳамсари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, ки тобистони имсол ҳаққи паноҳандагӣ дар Украинаро ба даст овард, ин кишварро тарк намудааст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми октябр навишт, ки ҳоло дар куҷо будани Абдуллоев маълум нест.

Бермет Талант, хабарнигори нашрияи KyivPost, ки қазияи Акбаралӣ Абдуллоевро дар Украина пайгирӣ дошт, гуфт, чанд муддат боз ӯро пайдо карда наметавонад. Талант низ ин нуктаро сарфи назар накард, ки Абдуллоев шояд хеле барвақт аз Украина рафтааст.

“Дар ин кишвар чизе набуд, ки ӯро нигоҳ дорад. Ҳаққи паноҳандагии Украина роҳи ӯро ба кишварҳои дигар боз кард. Ба ҷуз ин, ӯ шиносномаи чандин кишвар, аз ҷумла ҷумҳурии Доминикаро дорад”, - афзуд ӯ.

Акбаралӣ Абдуллоеви 33-сола моҳи январи имсол дар фурудгоҳи Киев боздошт шуд. Марзбонони Украина ӯро дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ пайдо ва боздошт карданд.

Дар Узбакистон ҷияни президенти пешинро дар содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла "дуздӣ тавассути азхудсозӣ ё исрофкорӣ", "пинҳонсозии асъори хориҷӣ", "сохтакории ҳуҷҷат" ва "пулшӯӣ" айбдор мекунанд.

Видеоҳои охирин

Файзобод: Себу картошка зери барф монд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:37 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG