Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Сомон Эйр” хост, ба соҳибони шиносномаи куҳна билет нафурӯшанд


Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба ҳамаи намояндагонаш дар дохил ва хориҷи кишвар ва нуқтаҳои фурӯши билети ҳавопаймо дастур додааст, минбаъд ба соҳибони шиносномаҳои хориҷие, ки муҳлаташон муваққатан бо муҳр дароз карда шудааст, чипта нафурӯшанд. Дар ин бора рӯзи 12-уми октябр дастури роҳбарияти “Сомон Эйр” содир шудааст.

Дар ин дастур гуфта мешавад, бинобар зиёд шудани ҳолатҳои манъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба марзи кишварҳои дигар аз 16-уми октябр ба соҳибони шиносномаи шакли кӯҳнаи хориҷӣ ва муҳлаташ тамдидшуда чипта фурӯхта нашавад.

Дар идомаи ин дастур ширкат гуфтааст, то ин сана ҳамаи билетҳое, ки ба соҳибони чунин чиптаҳо фурӯхта шудаанд, бозпас гардонида шавад.

Чунки, ба гуфтаи раҳбарияти ширкат, дар гузашта дар марзи кишварҳои дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ин гуна шиносномаҳо иҷозаи убур надоданд ва ин шаҳрвандон ночор ба кишвар бозпас гардонда шуданд.

Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар даст шиносномаи шакли пешинаи мӯҳлаташ 5-сола доранд, бо анҷоми муҳлати санадҳояшон дар консулгариҳои кишвар муҳре ёфт мекунанд, ки тибқи он муҳлати истифодаи ин ҳуҷҷат тамдид карда мешавад.

XS
SM
MD
LG