Пайвандҳои дастрасӣ

Баъди панҷ сол як хонаводаи ғарбӣ дар Покистон аз асорат озод шуд


Сарбозони покистонӣ як оилаи панҷнафарии шаҳрвандони ИМА ва Канадаро, ки дар давоми панҷ соли охир дар гарави як гурӯҳи марбут ба Толибони Афғонистон буданд, озод карданд. Шаҳрвандони ИМА Кейтлан Колман ва шавҳари канадагии ӯ Ҷошуа Бойл соли 2012 дар як сафари пиёдаи туристиашон ба Афғонистон ба дасти гаравгонгирҳо афтоданд. Колман дар асорат се тифлро ба дунё овард.

Артиши Покистон бо пахши изҳороте рӯзи 12 октябр гуфт, ки ин оила дар ҷараёни як амалиёти озодсозӣ дар ноҳияи қабиланишини Хуррами ҳаммарз бо Афғонистон озод шуд. Амалиёти озодсозӣ бар асоси маълумоти мақомоти иттилоотии амрикоӣ сурат гирифт. Тибқи хабарҳо, хонаводаро талош доранд аз Покистон берун баранд, вале ҳамсарон аз интиқоли босуръати худ ба ватан худдорӣ кардаанд.

Ин ҳамсарон гуфтаанд, ки барои эҳтимоли иртибот доштанашон бо як зиндонии собиқи Гуантанамо метавонанд бо бозпурсиҳои мақомоти интизомӣ рӯбарӯ шаванд. Дар гузашта Ҷошуи Бойл бо хоҳари як зиндонии Гуантанамо издивоҷ карда буд, ки духтари як маблағгузори Ал-Қоида будааст. CNN мегӯяд, ки эҳтимолан Бойл метарсад, ки дар ИМА мавриди бозпурсӣ қарор мегирад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG