Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қарзҳои Қирғизистонро пеш аз муҳлат мебахшад


Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев
Владимир Путин ва Алмосбек Отамбоев

Дар ҷараёни сафари давлатии президент Алмосбек Отамбоев ба Маскав дар моҳи июни соли равон санаде дар бораи пеш аз муҳлат ва ба якборагӣ бахшида шудани қарзҳои Қирғизистон дар назди Русия имзо шудааст. Дар ин бора дар лоиҳаи қонуне иттилоъ дода мешавад, ки барои баррасӣ ба порлумони Қирғизистон пешниҳод гашт.

Вазорати молияи Қирғизистон, ки ин лоиҳа бо ташаббуси он таҳия шудааст, гуфт, Русия соли 2012 розӣ шуд, то тамоми қарзҳои ин кишварро ба маблағи 488,9 миллион доллари амрикоӣ бахшад.

Тибқи созишнома, Маскав соли 2014 188,9 миллион доллари онро бахшид. Маблағи боқимонда давоми 10 сол -- аз соли 2016 то 2025, яъне ҳар сол 30 миллион долларӣ бояд бахшида мешуд.

20-уми июни соли равон дар ҷараёни сафари Отамбоев ба Русия протоколи марбут ба Созишнома дар бораи танзими қарзҳои Қирғизистон дар назди Русия аз соли 2012 имзо шуд. Ин санад иҷозат медиҳад, то қарзҳои мазкур пеш аз муҳлат ва ба якборагӣ коҳиш ёбанд. Ба ин тартиб, қарзҳои боқимондаи Қирғизистон аз Русия бекор хоҳанд шуд.

Ба огаҳии Вазорати молияи Қирғизистон, ба якборагӣ бахшида шудани 240 миллион доллар ҳаҷми қарзи хориҷии давлатии ин кишварро ба ММД 3,8% кам хоҳад кард. Барои ба иҷро даромадани созишнома анҷоми як қатор расмиёти дохилӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG