Пайвандҳои дастрасӣ

Диалоги ИА ва Тоҷикистон пушти дарҳои баста мегузарад


Рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе музокироти баландпояи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар, оғоз шуд. Ин музокирот дар толори Китобхонаи Миллии Тоҷикистон ва бо ширкати ҳайатҳои ин кишвар ва Иттиҳоди Аврупо ҷараён гирифт. Барои ширкат дар ин ҷаласа аз Брюссел Питер Буриан, намояндаи вижаи ИА барои Осиёи Марказӣ ва Тайво Клаар, раиси бахши Осиёи Марказӣ дар департаменти умури хориҷӣ омадаанд.

Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин нишаст мақомоти вазорату идораҳо, дар раъси раҳбарони раёсатҳо аз вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, фарҳанг, кумитаи занон, кумитаи дин ва дигарон ширкат доранд. Ҳеҷ як аз вазири давлати Тоҷикистон дар ин нишаст ширкат надорад.

Нишасти Душанбе пушти дарҳои баста сурат мегирад ва танҳо дар оғози музокирот гурӯҳи наворбардорон аз расонаҳо вориди толор шуданд. Музокироти баландпояи мацомоти Иттиҳоди Аврупо ва давлати Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи башар дар шаҳри Душанбе як рӯз давом мекунад.

Тибқи барномаи тасдиқшудаи музокирот, ҷонибҳо дар масоили озодии баён, ҳуқуқи занон ва кӯдакон, шиканҷа ва шароити нигаҳдории маҳкумшудаҳо ба зиндон, озодии эътиқодоти динӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар созмонҳои байналмилалӣ, баҳсу баррасӣ мешавад. Бар асоси ин барнома, дар нимаи дуюми имрӯз, 12 октябр натиҷаҳои музокирот ҷамъбаст мегардад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG