Пайвандҳои дастрасӣ

Камбуди сузишворӣ дар Қазоқистон як мансабдорро аз курсӣ маҳрум кард


Вазири энержии Қазоқистон Қанат Бозумбаев бо раҳбари "Росатом"- и Русия Сергей Кириенко

Нахуствазири Қазоқистон Бакитҷон Сагинтоев бинобар камбудӣ дар бозори сӯзишворӣ вазири энержии кишвар Канат Бозумбоевро ҳушдор дод.

Нахуствазир ҳамчунин гуфт, ки бо ин далел ноиб-вазири энержӣ Асет Магауовро аз мақом барканор кард. Сагинтаев шарҳи мақомотро дар робита ба номуътадилии вазъи бозори сӯзишворӣ баҳонаҷӯӣ ва фирор аз масъулиятшиносӣ унвон кард.

Вазири энержии Қазоқистон гуфт, сарфи назар аз навбатпоӣ дар нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ, дар ин кишвар камбуди бензин вуҷуд надорад.

Раиси ҳукумати Қазоқистон ҳамзамон дастур додааст, ки ноиб-президенти ширкати "КазМунайГаз" Дониёр Барлибоевро аз мақом барканор кунанд ва ба раиси ширкати мазкур Сауат Минбоев ҳушдор диҳанд.

Қазоқистон аз кишварҳои умудаи истеҳсолкунандаи нафт аст, аммо дар ин авохир шаҳрвандони кишвар аз камбуди бензин дар нуқтаҳои маводи сухт шикоят мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG