Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фаворит"-и интихоботи Қирғизистон аз хабарнигор $73000 ҷуброн хост


Кабай Карабеков, рӯзноманигори қирғиз
Кабай Карабеков, рӯзноманигори қирғиз

Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек дар заминаи даъвои номзад ба мақоми президентии Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков алайҳи хабаргузории "24.kg" ва рӯзноманигор Кабай Карабеков ба маблағи 73 ҳазор доллар ҷубронпулӣ таъин кард.

Намояндагони Ҷээнбеков аз додгоҳ тақозо карданд, ки навиштаҳои Карабеков дар бораи гӯё бо тундравони араб робита доштани бародарони Ҷээнбеков такзиб шавад.

Дар Қирғизистон маъракаи омодагӣ ба интихоботии ҳафтаи оянда дар авҷ аст ва номзадҳо талош доранд, аз ин марҳила беосеб берун шаванд. Бархе аз нашрияҳои Русия ва дохилӣ ба робитаи хонаводаи Сооронбой Ҷээнбеков, номзади дилхоҳи раиси ҷумҳури феълӣ Алмосбек Отамбоев, бо "тундравони араб" ишора карданд. Матлабе бо номи "Сафар ба Сочӣ", ки онҳоро Карабеков навишта буд, ба гуфтаи ҷониби даъвогар ҳамин иддаоро матраҳ кардааст.

Муаллиф дар матлаб бо ишораи мустақим ба мулоқоти пушти дарҳои бастаи президентҳои Қирғизистону Русия дар моҳи июни соли равон гуфтааст, ки "Маскав аз робитаҳои наздики бародарони Ҷээнбеков бо созмонҳои тундрави арабӣ нигарон шудааст".

Ситоди Ҷээнбеков ин матлабро фармоишӣ ва ба манфиати рақибонаш медонад.

XS
SM
MD
LG