Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тандурустии Амрико аз мақомаш истеъфо дод


Том Прайс
Том Прайс

Том Прайс – вазири тандурустӣ ва хадамоти башарии Амрико – рӯзи 29-уми сентябр ба хотири танқидҳо алайҳи ӯ дар робита ба истифодаи ҳавопаймоҳои хусусӣ дар кори расмӣ аз вазифааш истеъфо дод.

Ӯ як рӯз баъди он ба истеъфо рафт, ки гуфта буд, як бахши пули андозсупорандагони амрикоиро, ки барои истифода аз ҳавопаймоҳои хусусӣ масраф кардааст, бармегардонад.

Ӯ ҳамчунон маъзарат хоста буд, аз моҳи май то ҳол 26 бор дар парвозҳои марбут ба кораш аз ҳавопаймоҳои хусусӣ истифода кардааст.

Харҷи ин парвозҳо 600 ҳазор доллар мешавад, ки аз пули андозсупорандагони Амрико пардохт шудааст.

Мақомоти ҳукуматӣ дар Амрико, ки дар бахшҳои амниятӣ кор мекунанд, агар зарур шуд, метавонанд аз ҳавопаймоҳои хусусӣ истифода кунанд. Аммо дигарон бояд сафарҳои кории худро дар парвозҳои одӣ анҷом бидиҳанд.

XS
SM
MD
LG