Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони дифои Узбакистон аз ҳимояти Отахонов худдорӣ карданд


Нуруллоҳ Отахонов
Нуруллоҳ Отахонов

Чанд вакили дифои Узбакистон аз ҳимояти нависандаи дигарандеши ин кишвар Нуруллоҳ Отахонов, ки баъди бозгашт ба ватан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд боздошт шуд, худдорӣ кардаанд. Иттифоқи нависандагони Узбакистон низ Отахоновро аз узвияти худ хориҷ кардааст.

Ҳамсари нависанда Гулнора Отахонова рӯзи 29-уми сентябр гуфт, баъди боздошти шавҳараш ба коллегияи вакилони дифои шаҳри Тошканд муроҷиат кард, вале якбора чанд вакил дархости ӯро рад карданд. “Ду се вакили дифоъ ба ман гуфтанд, ки мақомот онҳоро барои ҳимоят аз ҳуқуқи шавҳарам баъдан муҷозот хоҳанд кард”, - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Отахонова, муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Яшнободи Тошканд Музаффар Каримов компютер ва китоби нависанда – “Ин рӯзҳо”-ро, ки дар Туркия нашр шуда буд, бо худ бурдааст.

“Дар хулосаи ташхиси Кумитаи умури дини Узбакистон омадааст, ки китоби “Ин рӯзҳо” ақидаҳои ифротгароиро таблиғ мекунад. Ҳуқуқшиносон ба ман гуфтанд, ки агар ташхисгарони мустақил хулоса диҳанд, ки дар китоб ҳеч гуна ақидаҳои ифротӣ таблиғ намешавад, вазъ беҳтар хоҳад шуд”, - изҳор дошт Отахонова.

Нуруллоҳ Отахонов баъд аз ду соли фирори ихтиёрӣ рӯзи 26-уми сентябр аз Туркия ба шаҳри Тошканд баргашт. Мақомоти пулис ӯро дар фурудгоҳ боздошт ва бо завлона ба идораи пулис бурданд.

XS
SM
MD
LG