Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадии Ҷон Ҳантсман ба мақоми сафирӣ дар Русия тасдиқ шуд


Ҷон Ҳантсман
Ҷон Ҳантсман

Сенати Амрико номзадии Ҷон Ҳантсманро ба мақоми сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русия тасдиқ кард.

Волии пешини аёлати Юта, ҷумҳурихоҳ Ҷон Ҳантсман ҳанӯз дар моҳи март сафир таъйин шуда буд. Кохи Сафед то ҳанӯз номзадии ӯро барои дарёфти ризоият ба Сенат намефиристод.

Кохи Сафед то кунун мунтазири тасдиқи номзадии вай аз сӯи Маскав буд. Тасдиқи дуҷониба аз сафирони нав - сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ва Ҷон Ҳантсман дар мулоқоти моҳи июли президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар самити "Бистгонаи бузург" дар Ҳамбурги Олмон сурат гирифт.

Баъдтар дар ҷаласаи Сенат Ҳантсман сиёсатҳои Маскавро яке аз хатарҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии Амрико номид. Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳдиди амнияту суботи Аврупо, дахолат кардан ба истиқлоли кишварҳои ҳамсояаш идома медиҳад.

Ҳантсман ҳамчунин гуфт, Маскав "бидуни шубҳа" дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст. Вай илова кард, омодааст ин масъаларо бо мақомоти Русия баррасӣ кунад. Кремл дахолат дар интихоботро рад мекунад.

Ҳантсман дар гузашта сафири ИМА дар Сингапур ва Чин буд. Соли 2012 вай барои курсии президентӣ мубориза бурд. Хонаводаи Ҳантсман соҳиби корхонаи азими кимиёвӣ аст, ки дар Русия манфиатҳои молӣ дорад.

XS
SM
MD
LG