Кормандони хадамоти федеролии амнияти Русия - ФСБ, сарбоз Дмитрий Довгополов ва шаҳрванди мулкӣ Анна Суханосоваро дар шаҳри Симфероли Қрим, бо ҷурми хиёнат ба давлат боздошт карданд. Русия Қримро соли 2014 ишғол кард.
Биноба фарзияи ФСБ, Довгополов ва Сухоносова "аз фаъолияти Флоти Баҳри Сиёҳ" ба Украина иттилоъ медоданд. Чигунагии ин иттилоъ шарҳ дода нашудааст. Хадамоти амнияти Русия мегӯяд, Довгополов иқрор шудааст, ки маълумоти дорои сирри давлатиро ба ҷониби Украина доданӣ буд.
Дар робита ба ҳарду парвандаи ҷиноӣ аз рӯи банди "хиёнат ба давлат" парванда боз шуд. Ин банди қонун аз 12 то 20 соли зиндонро дар назар дорад.