Пайвандҳои дастрасӣ

ФСБ қабри раҳбари шӯришгарони чечен Доку Умаровро пайдо кард


Раҳбари шӯришгарони чечен Доку Умаров

Масъулони Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рӯзи 27-уми сентябр гуфтанд, ки қабри Доку Умаров - раҳбари пешини шӯригарони чеченро пайдо карданд. Ба қавли онҳо, макони дафни Доку Умаров ва чаҳор ҷангии дигар дар кӯҳистони Ингушистон ошкор шуд.

Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки Умаров соли 2013 дар ҷараёни як амалиёти вижа кушта шуд.

Пеш аз ин, матбуоти Русия хабар дод, ки боқимондаҳои ҷасади Умаровро барои таҳқиқ ба Маскав интиқол доданд. Ин иттилоъро манобеи Кумитаи тафтишотии Русия ба шабакаи телевизионии РБК тасдиқ кард.

Баъд аз ду ҷанги ҷудоиталабонаи Чеченистон, аз солҳои 90-ум то 2000-ум, шӯришгарони мусаллаҳ дар манотиқи Қафқози Шимолӣ, мисли Доғистон, Ингушистон ва Қабардину Балқар паҳн шуданд.

Дар соли 2007 сарвари ҷудоихоҳони чечен Доку Умаров худро амири, ба гуфтаи ӯ, давлати исломии Аморати Қафқоз эълон кард.

Сомонаи тарафдори ҷангиён моҳи марти соли 2014 навишт, ки Умаров "шаҳид" шуд. Моҳи апрели соли 2014 раҳбари ФСБ-и Русия Александр Бортников бе онки бигӯяд Доку Умаров кушта шуд ё не, эълон кард, ки "фаъолиятҳо"-и Умаров хунсо шуд.

Силсилаи бомбгузориҳо дар саросари Русия, бо шумули Маскав ба Доку Умаров рабт дода мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG