Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони Арабистони Саудӣ ҳаққи ронандагӣ пайдо мекунанд


Подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи сешанбеи 26-уми сентябр дастуреро имзо кардааст, ки бар пояи он, занон дар он кишвар сар аз тобистони соли оянда ҳаққ доранд ронандагӣ намоянд. То пеш аз ин фармон, Арабистони Саудӣ танҳо кишваре дар ҷаҳон буд, ки ошкоро занонро аз ронандагии автомобил манъ мекард. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Арабистони Саудӣ аз бисту чанд сол пеш ба ин тараф дар талоши ба даст овардани ҳаққи ронандагии занон буданд. Амрико -- яке аз муттаҳидони аслии Арабистони Саудӣ фармони рӯзи сешанбеи подшоҳи ин кишварро қадаме дар роҳи дуруст номид.

XS
SM
MD
LG