Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон даҳҳо дармонгоҳро дар Урузгон масдуд карданд


Марди маҷрӯҳ дар бемористони Ҳирот
Марди маҷрӯҳ дар бемористони Ҳирот

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки бахши умдаи идораҳои дармонии вилояти Урузгон дар пайи таҳдиди Толибон баста шуданд.

Хон Оғо Мияхел, раҳбари бахши беҳдошти Урузгон рӯзи 24 сентябр ба хабаргузории DPA-и Олмон гуфт, ки дар сар то сари вилояти дорои беш аз 300 ҳазор аҳолӣ, аз 59 дармонгоҳ танҳо 8 бемористон фаъол боқӣ мондааст.

Сухангӯи Толибон таъид кард, ки ҷангиёни ин гурӯҳ даҳҳо дармонгоҳро бинобар ба гуфтаи ӯ "хадамоти заъиф" масдуд карданд.

Аз рӯи ҳисобҳои мақомоти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико Толибон 40 дар сади Афғонистонро таҳти назорат дорад. Аммо вазири умури хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Рабонӣ ин рақамро муболиғаи "Толибон" мешуморад.

Ба маълумоти Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, ки аввали моҳ пахш шуд, бинобар афзоиши таҳдидҳои амниятӣ фаъолияти 164 идораи дармонӣ дар Афғонистон қатъ шуд.

XS
SM
MD
LG