Бо вуҷуди шиддат гирифтани интиқоди Амрико аз тавсеаи барномаи мушакии Эрон, расонаҳои ин кишвар аз муаррифӣ ва озмоиши “муваффақиятомези” як мушаки нави баллистикӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд. Хабаргузории “Тасним” рӯзи 22-юми сентябр навишт, ки ҷадидтарин мушаки баллистикии Эрон бо номи “Хуррамшаҳр” ҳамзамон бо солрӯзи ҷанги Эрону Ироқ ва дар маросими гашти низомии нирӯҳои мусаллаҳ муаррифӣ шудааст. Бурди эъломшудаи ин мушак, нуқтаҳои гуногуни Ховари Миёна ва Исроилро дар тирраси худ қарор медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии сипоҳи посдорон эълон кардааст, ки ин мушак ду ҳазор километр бурд дошта, дорои қобили ҳамли як ё чанд кӯлоҳаки ҷангӣ аст. Ба гуфтаи ин фармондеҳи сипоҳ, мушаки “Хуррамшаҳр” сохти Вазорати дифои Ҷумҳурии Исломӣ буда, раванди озмоиши он низ шуруъ шуд.
Хабаргузории ИРНА низ навишт, ки ин мушаки дурпарвоз дар ихтиёри нирӯи ҳавоии сипоҳи посдорон қарор дорад ва то кунун иттилооти дақиқе дар хусуси вижагиҳои фаннӣ, муҳандисӣ ва тавони он нашр нашудааст. “Тасним” ҳамчунин дар хабари дигаре аз озмоиши “муваффақиятомези” ин мушак хабар дод ва навишт, ки ин саввумин мушаки Эрон бо бурди ду ҳазор километр аст. Дар ин хабар ба вақту макони ин озмоиш ишорае нашудааст.
Ҳамзамон бо намоиши ин мушаки дурпарвоз дар маросими гашти низомии нирӯҳои мусаллаҳ дар Теҳрон раиси ҷумҳури Эрон эълон кард, ки бо вуҷуди мухолифати кишварҳои ғарбӣ мушакҳои Ҷумҳурии Исломӣ тақвият хоҳанд шуд. Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин маросим, ки ба муносибати солрӯзи оғози ҷанги Эрону Ироқ баргузор шуд, афзуд, ки Ҷумҳурии Исломӣ натанҳо мушакҳо, балки нирӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёии худро низ тақвият хоҳад бахшид.
Ӯ дар ҳоле ин суханонро баён кард, ки пеш аз ин аз намоиши шаҳракҳои зеризаминии мушакии сипоҳ интиқод карда ва онро иқдоме барои барҳам задани тавофуқи ҳастаӣ эълом карда буд.