Пайвандҳои дастрасӣ

Манбаъ: "Барои фиреби Аниса ва Мадина як ҷавон муттаҳам аст"


Бо гузашти чаҳор рӯз аз пайдо шудани хоҳарон Аниса ва Мадина, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, онҳо то кунун дар бораи дар куҷо буданашон шарҳе надодаанд. Аммо манобеи мо рӯзи 19-уми сентябр гуфтанд, ки алайҳи як ҷавон бо иттиҳоми фиреб додани хоҳарон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Нафароне, ки хоҳаронро пайдо намуда ба волидонаш супурдаанд, низ мегӯянд, хоҳаронро касе дар манзиле маҳкам кардааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ то як ҳафтаи дигар таҳти назорати маъмурони пулис хоҳанд буд. Қаблан Вазорати умури дохилӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Аниса ва Мадина баъди чаҳор рӯзи бедарак будан ёфт ва ба дасти волидонашон супурда шудаанд. Масъулони вазорат гуфтанд, гӯё хоҳарон тӯли чаҳор рӯз "ба оворагардӣ машғул будаанд".

Гуфтам, ки куҷо шудед, ҳама шуморо мекобанд. Гуфтанд, ки моро дар як “квартира” маҳкам карданд. Чун дидам, тарсашон зиёд аст, аз ин зиёд пурсуҷӯ накардам.

Ин савол гаштаву баргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки духтарон дар чаҳори рӯзи бедарак будан чӣ ҳол доштанд? Даҳҳо корбари вебсайти Радиои Озодӣ низ навиштаанд, ки бо хоҳарон чӣ иттифоқ афтодааст ва агар касе мояи озорашон шудааст, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

“Касе духтаронро дар хона маҳкам кардааст”

Як манбаи огоҳ аз ин қазия дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳарон ба доми фиреби як ҷавоне афтодаанд, ки қаблан бо Аниса, хоҳари калонӣ ошноӣ дошт. Ин манбаъ афзуд, ин писар Аниса ва хоҳарашро бо фиреб дар манзилаш, воқеъ дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе бурда ва онҷо нигоҳ доштааст. “Вақте волидони писар аз ин қазия огоҳ шуда, ба манзили ӯ меоянд, аз тарс духтаронро раҳо мекунад. Хоҳарон бахусус хоҳари хурдӣ Мадина аз рух додани чунин ҳодиса метарсад ва ҳатто он писар намемонад, ки онҳо ба волидонашон занг зананд”, - афзуд манбаи мо.

Феълан алайҳи ин писар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш ӯро ҷазои сангин интизор аст.

“Онҳо гуфтанд, ки моро маҳкам карданд”

Волидони Аниса ва Мадина мегӯянд, то ҳол дақиқ намедонанд, ки духтаронашон давоми чаҳор рӯз дар куҷо буданд. Хоҳарон ба пурсиши волидон дар бораи дар куҷо буданашон танҳо гуфтаанд, “дар хонаи дугонаамон будем”. Аммо нафароне, ки хоҳаронро пайдо кардаанд, дар ин бора ҷузъиёти дигар доранд.

Фирӯз Алиев, ҳамсояи Аниса ва Мадина, хоҳаронро аз маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе пайдо карда ба падару модарашон супурдааст. Ӯ мегӯяд, онҳо ба пурсишҳояш дар бораи дар куҷо будан гуфтаанд, ки “моро дар хонае маҳкам карданд”.

Фирӯз Алиев дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳаронро дар назди Тарабхонаи “Сурхоб” дида, зуд ба наздашон рафт. “Ҳардуяшон дар ҳолати тарс буданд. Гуфтам, ки куҷо шудед, ҳама шуморо мекобанд. Дар роҳ чанд бор пурсидам, гуфтанд, ки моро дар як “квартира” маҳкам карданд. Чун дидам, ки тарсашон зиёд аст аз ин зиёд пурсупос накардам”, - афзуд Фирӯз Алиев ва гуфт, "дар робита ба ин қазия мақомот маро низ бозпурсӣ намуданд".​

Далелҳои Мадина бо ҳам мухолифат дорад ва волидони ӯ аз ин зиёд розӣ нашуданд, ки мо бо ӯ ҳамсуҳбат шавем.

“Як писар бояд барои мо хона пайдо мекард”

Аниса ва Мадина то ҳол дар бораи ҳодисаи ба сарашон омада шарҳи зиёд надодаанд. Аниса ба гуфтаи волидонаш дар ҳолати “шок” қарор дорад. Хоҳари хурдӣ Мадина дар як сӯҳбати кутоҳ ба хабарнигори Радиои Озодӣ баъзе паҳлӯҳои қазияро рӯшан кард. Мадина гуфт, рӯзи 12-уми сентябр Аниса бояд бо писаре вомехӯрд, ки барои ӯ хонаи иҷора пайдо кунад.

“Ман дарс рафтанӣ будам ва сумкаамро ҳам нагирифта будам. Аниса ба ман гуфт, ки ман низ бояд ҳамроҳаш равам. Ман танҳо ба ин шарт розӣ шудам, ки баъди панҷ дақиқа бармегардем чун вақти мактаб аст, хоҳарам розӣ шуд. Дар назди хонаи ҳамон бача то бегоҳ нишастем, аммо ӯ наомад. Бегоҳ шуд ва барои гашта омадан тарсидем”, - афзуд ӯ.

Ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи ба куҷо рафтан Мадина посухи дақиқ надод ва танҳо гуфт, он шабро дар хонаи писари аммааш рӯз кардаанд. Рӯзи дигар ба гуфтаи Мадина онҳо ба назди калисои русҳо рафтаанд ва чанд писар онҳоро даъват кардаанд, ки ҳамроҳи онҳо раванд. “Онҷо як-ду бача омаданд, ки хезед рафтем, мо ҳамроҳашон нарафтем. Боз ду бачаи дигар омаданд, ки агар квартира

Онҳоро баъди чаҳор рӯз яке аз ҳамсояҳояшон дар як хиёбони пойтахт пайдо кард ва ба волидонаш супурд.

зарур бошад, меёбем. Ман гуфтам, хонаву дар дорем. Занг зад, ҷӯраҳои дигарашон омад. Баъд ҳамроҳи онҳо рафтем. Ба хонаи онҳо расидем, ки онҷо 3-4 бача буд. Баъдан ҳамашон рафтанд, як соҳибхона монд. Дертар ӯ ҳам рафт. Саҳар аз онҷо хеста, ба тарафи маҳаллаи 82 омадем, ки ҳамсояаамон моро дид”, - мегӯяд Мадина.

Далелҳои Мадина бо ҳам мухолифат дорад ва волидони ӯ аз ин зиёд розӣ нашуданд, ки мо бо ӯ ҳамсуҳбат шавем.

Мақомоти Вазорати умури дохилӣ аз додани ҳамагуна шарҳ дар ин бора худдорӣ карда мегӯянд, қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад. Масъулини Шуъбаи корҳои дохилии Шоҳмансур-2, ки қазияро таҳқиқ доранд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба онҳо супориш шудааст, дар бораи ин қазия бо матбуот суҳбат накунанд.

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Онҳоро баъди чаҳор рӯз яке аз ҳамсояҳояшон дар як хиёбони пойтахт пайдо кард ва ба волидонаш супурд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG