Пайвандҳои дастрасӣ

Аниса ва Мадина як ҳафта таҳти назорати пулис мемонанд


Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ, сокинони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт то як ҳафтаи дигар таҳти назорати маъмурони пулис хоҳанд буд. Хосият Муҳтоҷова, модари онҳо, рӯзи 17-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз ҷузъиёти чаҳор рӯз дар куҷо будани духтаронаш ошкор нашудааст ва маъмурони пулис давоми ҳафтаи оянда решаҳои ин вазъро пурра ҷустуҷӯ ва дақиқ хоҳанд кард.

  • Қаблан Вазорати умури дохилӣ дар як баёнияи расмӣ гуфт, ки Аниса ва Мадина баъди чаҳор рӯзи бедарак будан ёфт ва ба дасти волидонашон супурда шудаанд. Масъулони вазорат гуфтанд, гӯё хоҳарон тӯли чаҳор рӯз "ба оворагардӣ машғул будаанд".
Тамоми ташхисҳоро супурдем, то дақиқ кунем, ки бо онҳо чӣ иттифоқ афтодааст. Оё мавриди озор ва зарбу лат ҳам будаанд, ё не

Ин савол гаштаву баргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки духтарон дар чаҳори рӯзи бедарак будан чӣ ҳол доштанд? Даҳҳо корбари вебсайти Радиои Озодӣ низ навиштаанд, ки бо хоҳарон чӣ иттифоқ афтодааст ва агар касе мояи озорашон шудааст, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҳангоме хабарнигори Радиои Озодӣ ба хонаи Аниса ва Мадинаи Ашӯралӣ рафт, аввалиро дар ҳоли парешонӣ дарёфт. Дувумӣ ҳарчанд хуб ба назар мерасид, аз посух гуфтан ба саволҳои мо худдорӣ кард.

Хосият Муҳтоҷова гуфт, ба ӯ ҳам муяссар нашудааст, ки асли қазияро аз духтаронаш бифаҳмад. "Ба ҳар ҳол, тамоми ташхисҳоро супурдем, то дақиқ кунем, ки бо онҳо чӣ иттифоқ афтодааст. Оё мавриди озор ва зарбу лат ҳам будаанд, ё не. Ҷавоби ташхис аввали ҳафтаи оянда маълум мешавад", - гуфт ӯ ва афзуд, ният доранд, хоҳаронро ба зудӣ ба назди равоншинос бибаранд.

Нақли волидон:

Муҳтоҷова гуфт, ҳоло чанде аз маъмурони пулис дар атрофи манзили онҳо истодаанд ва рафтору тамосҳои духтаронро таҳти назорат доранд. Худи маъмурони пулис дар ин бора шарҳе надоданд.

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Аниса баъд аз хатми синфи нӯҳум аз идомаи таҳсил даст кашида ва Мадина дар синфи 7-ум мехонад.

Хосият Муҳтоҷова, модари Аниса ва Мадина гуфт, ҳодиса аз онҷо оғоз ёфт, ки Мадина рӯзи 12-уми сентябр нахост ба мактаб биравад, зеро онҳо натавониста буданд, пули китобҳои аз мактаб гирифтаашро бипардозанд. “Мадина гуфт, ки ба мактаб намеравад, чун муаллима пули китобро мепурсад. Ба ӯ гуфтам, ки пули китоби Азизҷону Маҳинаҷонро додем, ҳамин ки пул шуд, маблағи китобҳои туро ҳам медиҳем. Хуб гуфт ва ман ба кор рафтам. Аммо нисфирузӣ хоҳараш Аниса гуфтааст, ки рафтем ман ба муаллимаат вазъиятро мефаҳмонам. Соати 12:05 аз хона баромада бедарак шуданд", - афзуд Хосият Муҳтоҷова.

Аниса ва Мадина духтарони дувум ва севуми хонавода буда, ду хоҳару як бародар доранд. Хосият Муҳтоҷова корманди тиб ва падари хонавода афсари мустаъфист.

Видео дар бораи афроде, ки беному нишон шудаанд:

Солҳои охир хабари гум шудани афроди синну соли гуногун дар Тоҷикистон нашр шуда, бархеи онҳо бо гузашти чанд рӯз пайдо гардидаанд. Аммо баъзеи онҳо бо гузашти солҳо ёфт нашудаанд ва маълум нест, ки дар куҷову чӣ ҳол доранд.

​Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар барномаҳои ҷудогонаи телевизионӣ ва вебсайти расмиаш аз гум шудани ин ё он нафар хабар медиҳад, вале нагуфтааст, ки барои мисол, дар маҷмуъ, дар як соли охир чӣ қадар аз шаҳрвандони кишвар гум шуда, чӣ теъдоди онҳо пайдо гардидаанд. Аммо бар асоси иттилои соли 2013-ум, ки ҳамин вазорат нашр карда буд, ҳамон сол дар кишвар 232 нафар ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон ёфт шудаанд.​

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG