Пайвандҳои дастрасӣ

Хосият Муҳтоҷова: “Фақат як бор очаҷон гуфт ва касе гӯширо аз дасташ гирифт” ВИДЕО


Мадина Ашӯрова

Пайвандони Аниса ва Мадина Ашӯроваҳо, сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мегӯянд, ки дар тӯли се рӯзи бедарак будани духтаронашон фақат як занги телефонӣ қабул карданд ва он ҳам бо нидои “очаҷон” хотима ёфт. Хосият Муҳтоҷова – модари Аниса ва Мадина – рӯзи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин занги телефонӣ аз шумораи номаълум буд ва онҳо мушаххас карда натавонистанд, ки кӣ ва аз куҷо тамос мегирад.

ВКД: Ҷустуҷӯ идома дорад

Хонаводаи Аниса ва Мадина рӯзи ҷумъа ба мақомоти умури дохилии маҳалли зисташон асноди зарурӣ ва аризаи худро супурданд. Онҳо мегӯянд, Аниса ҳамроҳи худ телефони мобилӣ дошт ва аз рӯзи 13-уми сентябр ба ин тараф хомӯш аст. Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҷустуҷӯи хоҳарон Ашӯроваҳо оғоз шудааст. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилӣ рӯзи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "модараш ба идораи умури дохилии Шоҳмансур-2, маҳалле, ки онҳо истиқомат мекунад, муроҷиат намуд. Ҷустуҷӯ давом дорад."

Мадина гуфт, ки ба мактаб намеравад, чун муаллима пули китобро мепурсад. Ба ӯ гуфтам, ки пули китоби Азизҷону Маҳинаҷонро додем, ҳамин ки пул шуд, маблағи китобҳои туро ҳам медиҳем. Хуб гуфт ва ман ба кор рафтам.

Аниса ва Мадина, ки яке 16 ва дигаре 13 сол дорад, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бедарак шуданд. Аниса баъд аз хатми синфи нуҳум аз идомаи таҳсил даст кашида ва Мадина дар синфи 7-уми мактаби рақами 36 мехонд. То ҳол маълум нест, бо онҳо чӣ иттифоқ афтодааст, аммо пайвандонашон мегӯянд, пайи ин ду нафарро дар хонаи хешовандон наёфтанд.

Хосият Муҳтоҷова, модари Аниса ва Мадина гуфт, ҳодиса аз онҷо оғоз ёфт, ки Мадина рӯзи 12-уми сентябр нахост ба мактаб биравад, зеро онҳо натавониста буданд, пули китобҳои аз мактаб гирифтаашро бипардозанд.

"Гуфт, ки ба мактаб намеравад..."

Акси Аниса ва Мадина Ашӯроваҳо
Акси Аниса ва Мадина Ашӯроваҳо

“Мадина гуфт, ки ба мактаб намеравад, чун муаллима пули китобро мепурсад. Ба ӯ гуфтам, ки пули китоби Азизҷону Маҳинаҷонро додем, ҳамин ки пул шуд, маблағи китобҳои туро ҳам медиҳем. Хуб гуфт ва ман ба кор рафтам. Аммо нисфирузӣ хоҳараш Аниса гуфтааст, ки рафтем ман ба муаллимаат вазъиятро мефаҳмонам. Соати 12:05 аз хона баромада ва то ҳол бедарак ҳастанд", - афзуд Хосият Муҳтоҷова.

Дар мактаби рақами 36-и пойтахт ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Мадина хуб таҳсил мекард, аммо рӯзи 12-уми сентябр ба дарс ҳозир нашуд. Ҳамсӯҳбатони мо гуфтанд, танҳо рӯзи дигараш аз бедарак шудани ду хоҳар огоҳ гардиданд.

Аниса ва Мадина духтарони дувум ва севуми хонавода буда, ду хоҳару як бародар доранд. Хосият Муҳтоҷова корманди тиб ва падари хонавода Сафар Ашӯров афсари мустаъфист. Ҳамсояҳои Аниса ва Мадина аз онҳо духтарони боодоб ва хушмуомила ном бурда ва гуфтанд, ки боре садои ҷанҷоли онҳоро нашунидаанд.

Сабоҳат Закулаева, яке аз ҳамсояҳои Аниса ва Мадина, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ягон кас аз онҳо шикоят надошт ва ягон кори бадашонро низ надидем. Духтарони хуб буданд." Закулаева гуфт, ки аз ин ҳодиса нигарон ҳастанд ва ҳоло дар ҷустуҷӯи онҳо ба наздиконашон ёрӣ мекунанд.

  • Наздикони духтарони гумшуда аз сокинон низ хоҳиш доранд, то барои пайдо кардани духтаронашон Аниса кумак кунанд. Ҳар нафаре, ки дар бораи ин духтарон маълумоте дорад, метавонад бо рақами (+992) 904061606 ба волидонашон хабар диҳад.
Аниса Ашӯрова
Аниса Ашӯрова

Ин нахустин ҳолати ғайб задани духтарон дар шаҳри Душанбе нест. Солҳои охир хабари гум шудани афроди синну соли гуногун дар Тоҷикистон нашр шуда, бархеи онҳо бо гузашти чанд рӯз пайдо гардидаанд. Аз ҷумла, Нигора Мамадатохонова – донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи шаҳри Хоруғро, ки ҳанӯз охири моҳи марти имсол нопадид шуда буд, баъди ду ҳафтаи гум шудан дар ҳудуди ноҳияи Шӯроободи собиқ (ҳоло Шамсиддин Шоҳин) ёфтанд.

Худи Нигора дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар муддати беш аз ду ҳафта дар Душанбе қарор дошт ва ҳангоми бозгашт ба Хоруғ дар дидбонгоҳи Шӯрообод боздошта шуд. Вай далели барои як муддат гум шуданашро “фаромӯш кардани баъзе хотираҳои гузашта” номид, аммо ҷузъиёт надод. Ӯ гуфт, “як муддат хостам, ки дар танҳоӣ ба сар барам”.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳарчанд дар барномаҳои ҷудогонаи телевизионӣ ва вебсайти расмиаш аз гум шудани ин ё он нафар хабар медиҳад, вале нагуфтааст, ки барои мисол, дар маҷмуъ, дар як соли охир чӣ қадар аз шаҳрвандони кишвар гум шуда, чӣ теъдоди онҳо пайдо гардидаанд. Аммо бар асоси иттилои соли 2013-ум, ки ҳамин вазорат нашр карда буд, ҳамон сол дар кишвар 232 нафар ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон ёфт шудаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG