Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар пайи ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷануби Ироқ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Зи Қор, як минтақаи умдатан шиъанишини воқеъ дар ҷануби Ироқ мегӯянд, ки дар ду ҳамлаи ҷудогона, яке бо силоҳ ва дигаре бо истифода аз мошини ҳомили бомба ва ҳамлагари интиҳорӣ дастикам 45 нафар ҷон бохт ва беш аз 80 нафар захм бардошт.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" рӯзи 14 сентябр, бо пахши як изҳорот дар саҳифаи расмияш бар дӯш гирифт.

Мақомот мегӯянд, ки ҳамлагарони мусаллаҳ ба сӯи муштариёни тарбахонаи воқеъ дар шоҳроҳ оташ кушоданд.

Ба думоболи ин, мошини ҳомили бомба дар постгоҳи амниятии вилоят мунфаҷир шуд.

Бинобар гузоришҳои тасдиқнашуда, дар ин ҳодиса 15 меҳмони эронӣ низ кушта шуд.

XS
SM
MD
LG