Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомдори зиндонҳои Русия ба дуздии $2,7 миллион муттаҳам шуд


Олег Коршунов
Олег Коршунов

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, ки ноиби раҳбари Хадамоти Федеролии Маҳбасҳоро бо иттиҳоми дуздии 160 миллион рубл, баробар бо 2,7 миллион доллар боздошт кард.

Кумитаи тафтишот рӯзи 14 сентябр гуфт, ки Олег Коршунов, масъули бахши пудрат ва хизматрасонӣ, ба ташкили ду қарордоди расмӣ, ба хотири харидории маводи сухт ва ғизо бо қиммати беш аз ҳад, муттаҳам шудааст.

Ба гуфтаи бозҷӯён, зиёни молии хадамоти маҳбасҳо аз ин муомилоти ғайриқонунӣ назаррас аст.

Олег Коршунов рӯзи 13 сентябр дар яхт-клуб ё бошгоҳи қоиқҳои минтақаи Маскав дастгир шуд.

Кумитаи тафтишот бозҷӯиро барои ошкор кардани мавридҳои дигари дуздӣ идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG