Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ бояд 18 сентябр дар додгоҳ ҳозир шавад


Мақомоти сарҳадии Украина ба дасти Михаил Саакашвилӣ рӯзи 12 сентябр протоколи расмиро тақдим карданд, ки дар он дар бораи ду рӯзи пеш ғайриқонунӣ ба хоки ин кишвар ворид шудани ӯ гузориш шудааст. Президенти собиқи Гурҷистон ва раҳбари пешини вилояти Одессаи Украина ин номаро дар баробари журналистон дар даромадгоҳи меҳмонхонае дар шаҳри Лвов қироат кард. Хабаргузории расмии “Укринформ” хабар дод, ки Саакашвилӣ санади марзбонҳоро имзо кард ва эътироф кард, ки даст ба қонуншикании маъмурӣ задааст. Шурӯъ аз 10 сентябр Саакашвилӣ дар меҳмонхонаи “Леополис”-и Лвов ба сар мебарад. Ӯ баъди убури марзи Полшаву Украина дар ҳалқаи тарафдоронаш вориди Лвов шуд. Вазири умури дохилии Украина ҳам ба “Интерфакс” гуфт, ки Саакашвилӣ дар қаламрави ин кишвар ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебарад, вале мақомот ҳанӯз нияти боздошт кардани ӯро надоранд.

Курт Волкер, фиристодаи вижаи ИМА дар умури хатми низоъҳо дар Украина дар шарҳи таҳаввулоти ахири атрофи Саакашвилӣ чунин гуфт:

“Украина як кишвари пойбанд ба қонун аст. Шахсе мисли президент Саакашвилӣ ҳақ дорад, ки дар додгоҳҳои Украина аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад”.

Матбуоти дохилӣ гуфт, ки Саакашвилӣ бояд дар додгоҳи ноҳиявии Лвов рӯзи 18 сентябр ҳозир шуда дар робита ба ин ҳодиса посух диҳад.

Саакашвилӣ дар Гурҷистон барои содир кардани як қатор қонуншиканиҳо гумонбар дониста мешавад. Ӯ соли 2015 шаҳрвандии Украинаро пазируфта раҳбари вилояти Одесса шуд. Моҳи ноябри соли 2016 ӯ ба истеъфо рафт, ҳизби сиёсии худро таъсис дод ва ба як мунаққиди давлат табдил шуд. 26 июли соли 2017, замоне, ки Саакашвилӣ дар ИМА буд, президенти Украина Петро Порошенко ӯро аз шаҳрвандии Украина маҳрум кард. Вале рӯзи 10 сентябр Саакашвилӣ бо кӯмаки тарафдоронаш аз хоки Полша вориди Украина шуд.

XS
SM
MD
LG