Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати Apple якбора се "айфон"-и навро муаррифӣ кард. ВИДЕО


Ширкати амрикоии Apple рӯзи 12-уми сентябр якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард.

Раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) "ҷаҳиши бузург"-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин "айфон" номид. iPhone X сабуктар, бориктар ва равшантар буда, метавонад барои боз кардани қуфли дастгоҳ ва беҳтар намудани саҳифаи намоиш чеҳраро шиносоӣ кунад.

iPhone X 999 доллар ва бештар аз он арзиш дорад.

iPhone 8 ва iPhone 8 Plus аз 699 то 799 доллар, вобаста ба ҳаҷми хотираашон фурӯхта мешаванд.

Ҳар се навъи телефонҳо бе сим нирӯ мегиранд. Айфони "10" 3-юми ноябр ва "8" каме дертар ба фурӯш хоҳанд баромад.

Ширкати Apple ба ҷуз ин, навъи беҳтари "соатҳои ҳушманд" ва низоми видеостримингро барои телевизионҳои 4K намоиш дод.

Ширкати Apple Iphone-8 ва Iphone-X-ро намоиш дод.
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:18 0:00

Видеоҳои охирин

Рустами Эмомалӣ ба корхонадорон: "Ё ба кор андозед, ё мусодира мекунем"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG