Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирони қабилаи Покистон ду навраси ошиқро ба куштан доданд


(акс аз бойгонӣ)
(акс аз бойгонӣ)

Пулиси Покистон рӯзи 12 сентябр дастикам 30 узви шӯрои қабилавиро ҷустуҷӯ кард, ки амри куштори як ҷуфти наврасро содир карданд. Ин наврасҳо дар заминаи "кушторҳои номусӣ" тавассути хешони онҳо ба қатл расиданд.

Ҷавони 17-сола ва духтараки 15-сола аз қавми паштунҳои ҷануби Покистон, аз шаҳри бандарии Қарочӣ буданд, ки ба гуфтаи пулис моҳи август якҷо фирор карданд.

Шӯрои қабила, ё шӯрои ҷирга дар ҳоле фармони қатли онҳоро бо истифода аз нерӯи барқ содир кард, ки хешони ин ҷуфт масъаларо ба қазовати пирони қабила супурданд.

Аъзои оила онҳоро ба рахти чубин бастанд ва амри шӯроро иҷро карданд.

Ин амал дар ҳоле анҷом шуд, ки оилаҳо барои издивоҷи онҳо ба созиш расида буданд. Шӯрои қабила созиши издивоҷро эътироф накард.

Пулис мегӯяд, ки дар заминаи ин қазия падарҳо ва ду амаки ин ҷуфт боздошт шуд. Аммо аъзои шӯро рӯ ба фирор овард.

XS
SM
MD
LG