Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбарии Путин ба интихоботи 2018 дар ду марҳила сурат мегирад


Стратегияи маъракаи интихоботии президенти Русия Владимир Путин дар соли оянда тақрибан ниҳоӣ шуда, аз ҳоло маълум аст, ки аз ду марҳила иборат хоҳад буд. Дар ин бора рӯзи 12-уми сентябр нашрияи русии «Коммерсант» бо такя ба манбае дар Кремлин хабар дод.

Нашрия мегӯяд, марҳилаи аввалааш моҳи ноябри имсол фаро мерасад ва дар ин марҳила президент Владимир Путин расман дар бораи нияти пешбарӣ кардани номзадиаш ба мақоми президентӣ изҳорот хоҳад дод. Ин изҳорот дар чаҳорчӯби мулоқоти президент бо ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат мегирад.

Марҳилаи дувум - давраи расмии пешбарии номзадии Путин ба ҳайси номзади инфиродӣ то охири сол мерасад. Кремлин аллакай ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда гуфтааст, ки афроди мавриди эътимоди президент дар интихоботи президентии соли 2018-ро пайдо кунанд.

Интихоботи президентии Русия рӯзи 18-уми марти соли 2018 баргузор мешавад. Бар пояи пурсиши афкори умуми маркази "Левада-центр", 66%-и сокинони Русия гуфтаанд, ки Путинро президенти ояндаи ин кишвар дидан мехоҳанд.

XS
SM
MD
LG