Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 11 сентябр дар маросими пӯшидашавии намоишгоҳи "ЭКСПО-2017" дар шаҳри Остона гуфт, ин намоишгоҳ натиҷаи мусбати иқтисодию сиёсӣ ва илмию техникӣ дод.
"Аз ҷумла барои рушди идеяҳои пешрафта ва технология дар бахши "энержии оянда", - афзуд Назарбоев. Ба гуфтаи ӯ, баргузории чорабинии мазкур бори дигар ҷонибдории кишварашро аз идеяҳои рушди "технологияи сабз" нишон дод.
Назарбоев гуфт, анҷоми намоишгоҳ оғози иҷрои як қатор лоиҳаҳои бузурги нав хоҳад буд. Аз ҷумла Маркази байналмилалии молии "Остона", ки бояд ба маркази молию ҷалби таваҷҷуҳи сармоягузорон табдил ёфта, дар низоми байналмилалии молӣ ҷойгоҳи махсусеро ишғол кунад.
Пештар мақомоти Қазоқистон гуфта буданд, ки "ЭКСПО-2017 қуллаи нави пешрафти кишвар ва бренди миллии "Қазоқистон" дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад шуд".