Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуттереш: “Масъалаи Куриёи Шимолӣ бузургтарин бӯҳрони ҷаҳонист”


Антонио Гуттереш
Антонио Гуттереш

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, пешрафти барномаи ҳастаӣ ва мушакҳои дурпарвози Куриёи Шимолиро “бузургтарин бӯҳрони ҷаҳон” дар чанд соли ахир номид. Гуттереш дар ин бора рӯзи 10-уми сентябр дар мусоҳибае бо як рӯзномаи фаронсавӣ изҳори назар кард.

Ӯ гуфт, ки масъалаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ як бӯҳрони ҷиддист ва афзуд, хеле нигарони ин мавзӯъ ҳастанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, муҳим ин аст, ки Пхенян маҷбур карда шавад, ба пешрафти барномаҳои ҳастаӣ ва мушакҳои баллистикии худ поён диҳад ва қатъномаи Шӯрои амнияти СММ-ро риоя кунад.

Гуттереш афзуд, “мо бояд ваҳдатро дар Шӯрои амният ба ҳар қиммате, ки бошад, ҳифз кунем.”

Амрико рӯзи ҷумъаи гузашта бо вуҷуди мухолифатҳои Русия ва Чин як овоздиҳиро дар иртибот ба қатъномаи Созмони Милал алайҳи Куриёи Шимолӣ расман тақозо кард. Тасвиб ва иҷрои ин қатънома таҳримҳои наву шадиди иқтисодиро барои Куриёи Шимолӣ дар пай дорад.

Ҳарчанд Русия ва Чин дар мавриди тасвиби қатъномаи пешниҳодшуда тавассути Амрико мухолифат хоҳанд кард, ба гуфтаи намояндаи ИМА дар СММ, Вашингтон мехоҳад Шӯрои амният дар мавриди қатънома рӯзи душанбеи 11-уми сентябр тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG