Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев "pуси бовафо"-ро вазири умури дохилӣ таъйин кард


Пулод Бобоҷонов
Пулод Бобоҷонов

Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 4 сентябр бо имзои як фармон Пулод Бобоҷоновро вазири умури дохилии ин кишвар таъйин кард. Аз аввали соли равон бори севум аст, ки вазири умури дохилии Узбакистон иваз мешавад.

Бобоҷонов соли 1961 дар хонаводаи Раззоқ Бобоҷонов - яке аз раҳбарони бонуфузи ноҳияи Боғоти вилояти Хоразми Узбакистон ба дунё омадааст. Модари Бобоҷонов -- Энагул Машарипова раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Боғот ва падараш масъули баландпояи ҳизбӣ буд.

Як мансабдори огаҳ аз тағйиротҳои кадрӣ дар ҳукумати Ӯзбекистон гуфт, Бобоҷонов яке аз сермутолиатарин мансабдорони ин кишвар буда,дар байни сокинон бо лақаби "руси бовафо" маъруф аст.

Гуфта мешавад, ки Бобоҷонов 2000-2005 муовини додситони кулли Узбакистон ва солҳои 2005-2006 сардори Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои молӣ буд ва лақаби "руси вафодор"-ро ба ин хотир ба ӯ доданд, ки пора намегирифт ва ҳамеша пойбанди қонун буд.

XS
SM
MD
LG