Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп Раҳмонро бо Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон табрик кард


21 маи соли ҷорӣ дар Риёз мулоқоти ғайрирасмии президентони Тоҷикистону ИМА баргузор шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп дар як номае ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо фарорасии иди истиқлолияти ин кишвар табрик кардааст. Дар иттилоияи сафорати ИМА дар Душанбе гуфта мешавад, ки номаи табрикотии Трамп аз рӯзи 28 августро собиқ сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба президент Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Дар нома гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд ва "мо Истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем".

Трамп гуфтааст, ки ИМА "интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд" ва посухгӯи "манфиатҳои ҳар ду давлат ва минтақа" мебошад.

Ин нахустин номаи табрикии Доналд Трамп ба муносибати иди истиқлолияти Тоҷикистон дар мақоми президенти ИМА мебошад.

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр иди истиқлолияти худро таҷлил мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG