Панҷ кишвари абарқудрати бозори ҷаҳонӣ -- Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубӣ (БРИКС) бо нашри як изҳорот гуруҳҳои мустақар дар Покистонро таҳдид ба амнияти минтақа номиданд ва даъват карданд, ки ҳомии онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
Дар изҳороти иштирокдорони саммити БРИКС, дар шаҳри Сямэни Чин, ҳамчунин ба қатъи хушунат дар Афғонистон даъват шудааст. "Мо ҳамлаҳои террористиеро, ки дар натиҷаи онҳо шаҳрвандони бегуноҳи Афғонистон кушта мешаванд, қотеъона маҳкум мекунем", - омадааст дар изҳороти раҳбарони БРИКС.
Ҳамчунин дар робита ба хушунатҳои ҳаракати Толибон, гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", ал-Қоида ва шохаҳои он бо шумули Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва шабакаи "Ҳаққонӣ", "Лашкари Таййиба", "Ҷайши Муҳаммад" ва "Ҳизб ут-Таҳрир" дар минтақа изҳори нигаронӣ шуд.
Намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон гуфт, ки бори нахуст дар санадҳои БРИКС рӯйхати гуруҳҳои террористӣ тартиб дода шуд ва он гоми бузурге дар мубориза бо терроризм хоҳад буд.
"Лашкари Таййиба", қароргоҳаш дар Покистон як гуруҳи тундрави низомӣ аст. Ҳиндустон онро дар як қатор ҳамлаҳои мусаллаҳона ба марзи худ, аз ҷумла ҳамлаи Мумбай дар соли 2008 айбдор мекунад, ки 166 кушта бар ҷой гузошт. "Ҷайши Муҳаммад", қароргоҳаш дар Покистон низ як гуруҳи тундрави зиддиҳиндустонӣ аст, ки дар ҳамла ба порлумони Ҳиндустон дар соли 2001 айбдор мешавад.