Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати ҳавонаварди тоҷик дар садамаи нақлиётӣ


Эҳсонҷон Ҷалолов.

Як ҳавонаварди вазорати дифои Тоҷикистон дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҷони худро аз даст додааст. Эҳсонҷон Ҷалолов 27 сол дошт ва дар сохтори вазорати дифоъ фаъолият мекард. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса баъд аз зӯҳри 2-юми сентябр дар ҳудуди пойтахт рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, садама замоне рух дод, ки Низомиддин Асоев, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота ЛК-200” дар рӯ ба рӯи бозори “Мадад” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолов бархӯрдааст.

Сухангӯи вазорати умури дохилӣ гуфт, Эҳсонҷон Ҷалолов, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад ва ҷузъиётҳои он муайян карда мешаванд. Дар вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабари марги капитан Эҳсонҷон Ҷалоловро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ тайи чанд соли ахир дар Нерӯҳои ҳавоии ин ниҳод кор мекард.

Масъулини Вазорати дифоъ аз Эҳсонҷон тавсиф карда гуфтанд, ӯ бо пайроҳаи падар рафта буд. Падари Эҳсонҷон, Рафиқҷон Ҷалолов низ қаблан ҳамчун ҳавонавард дар Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии вазорати дифоъ фаъолият доштааст. Наздикони Эҳсонҷон Ҷалолов гуфтанд, ки ӯ оиладор ва соҳиби як писар буд. Маросими ҷанозаи Эҳсонҷон рӯзи 3-уми сентябр дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG