Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду муҳофиз дар ҳамла ба хонаи як қонунгузор


Амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Нангарҳор
Амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Нангарҳор

Дар пайи ҳамла ба хонаи як қонунгузори порлумони Афғонистон дар вилояти Нангарҳор ду муҳофиз ба ҳалокат расид. Дар ин бора мақомоти расмӣ гузориш доданд.

Оятуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор гуфт, ки як ҳамлагари интиҳорӣ бомбаи камарбандашро субҳи 30 август дар беруни хонаи намояндаи порлумон Ҳоҷӣ Зоҳир Қодир дар Ҷалолобод, маркази маъмурии вилояти Нангарҳор мунфаҷир кард. Ҳамлагари дигарро муҳофизон куштанд. Дар ин ҳодиса як муҳофиз низ захм бардошт, - гуфт Хугиёнӣ.

Узви Шӯрои вилоятӣ Ифтихор Моҳманд мегӯяд, ки нерӯҳои амниятӣ ҳамлагари сеюмро боздошт карданд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки қонунгузор Зоҳир Қодир ҳангоми ҳамла дар хона буд, аммо осеб надид.

Масъулияти ҳамларо то ҳол ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.

Моҳҳои ахир вазъи амниятии вилояти Нангарҳо, макони фаъолиятҳои Толибон ва шарики онҳо, гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", вахим шуд.

Эътилофи таҳти сарварии ИМА соли 2001, баъди ҳамлаи террористӣ ба Амрико, ки онро шарики Толибон, Ал-Қоида анҷом дод, ҷумбиши Толибонро аз қудрат дур кард.

Аммо сар аз соли 2014, баъди хуруҷи бахши умдаи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, ҳукумати ин кишвар пайваста бо шӯришгарон дар ҳоли ҷанг қарор дорад.

Биноба гузориши ИМА, ки авоили соли равон пахш шуд, Толибон феълан 40 дар сади Афғонистонро таҳти назорат доранд ва нерӯҳои амниятӣ бо шарикони мусаллаҳи Толибон низ вориди даргирӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG