Як марди 40-сола аз Узбакистон, ки дар шаҳри Нэшвилли аёлати Теннисси Амрико аз сараш тир хурда буд, бар асари захми сангин ҳалок шуд. Пулис аз ин мард Дониёр Абдумаҷидов ном бурдааст, ки 1,5 моҳ пеш ҳамроҳ бо хонаводааш ба Амрико омад.
Ҳодиса рӯзи 25 август рух дод ва маълум нест, ки чаро ва кӣ ба Дониёр Абдумаҷидов ҳамла кард.
Расонаҳо менависанд, ки Дониёр Абдумаҷидов дар як корхонаи питсопазӣ кор мекард.
Ҳомии ҳуқуқи узбак Суҳроб Исмоилов, ки ӯ низ дар Амрико зиндагӣ мекунад, гуфт, ки дар давоми чанд рӯз барои кӯмак ба Дониёр Абдумаҷидови маҷруҳ наздики 40 ҳазор доллар ҷамъ шуд.