Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида": Фармондеҳи муҳими "Аш-Шубоб" кушта шуд


Шабакаи "Ал-Қоида" тасдиқ кард, ки Алӣ Муҳаммад Ҳусейн, фармондеҳи муҳими ҷангҷӯёни гурӯҳи "Аш-Шубоб", моҳи гузашта дар ҷараёни як ҳамлаи ҳавоии Амрико кушта шудааст.

"Ал-Қоида", ки бо гурӯҳи "Аш-Шубоб" робита дорад, рӯзи 26-уми август дар як эъломия гуфт, ҳамлаи ҳавопаймоҳои Амрико аввал ба хато рафт, вале дар ҳамлаи дувум фармондеҳи "Аш-Шубоб" натавонист ҷон ба саломат бибарад.

Мақомоти Сомалӣ ҳамон вақт гуфта буданд, ки нирӯҳои ин кишвар ҳамроҳ бо муттаҳидони байналмилалӣ қумондон Алӣ Муҳаммад Ҳусейнро куштаанд.

Мақомот гуфта буданд, Алӣ Муҳаммад Ҳусейн дар чандин ҳамлаи террористӣ ва бомбгзорӣ даст дошт.

Видеоҳои охирин

Роҳ ва боғу полезҳои Исфара вайрон шуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:10 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG